Форуми байналмилалии нассоҷӣ – Тоҷикистон 2026 дар шаҳри Душанбе 23 сентябри соли 2026 баргузор гардид. Чорабинӣ майдони муносиби муколама ва сармоягузорӣ барои ташаккули занҷираи пурраи истеҳсолии нассоҷӣ аз нахи пахта то маҳсулоти тайёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии истеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF) ва Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ташкил карда шуд.
- Замина: Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ барои солҳои 2024–2040.
- Иштирок: тақрибан 300 нафар намояндагони ширкатҳои саноатӣ, сармоягузорон, соҳибкорон, коршиносон ва шарикони рушд аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон.
Ҳадафи асосии Форум таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба рушди саноати нассоҷии Тоҷикистон, аз ҷумла ташаккули занҷираи пурраи арзиши иловашуда аз коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёр буд. Тоҷикистон барои ташаккули истеҳсолоти мукаммали «сабз»-и нассоҷӣ бартариҳои рақобатӣ дорад. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда аз ҳисоби захираҳои барқароршавандаи гидроэнергетикӣ тавлид мегардад. Ин ба корхонаҳо имкон медиҳад, ки ҳамчун истеҳсолоти дорои сатҳи пасти таъсир ба муҳити зист муаррифӣ шаванд ва ба талаботи шарикони байналмилалӣ ва брендҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд.
Стратегияи миллӣ ташаккули кластерҳои муосири нассоҷӣ бо давраи пурраи истеҳсолӣ, афзоиши коркарди ашёи хоми ватанӣ ва расонидани содироти маҳсулоти тайёри нассоҷӣ то 3 миллиард доллари ИМА-ро то соли 2040 пешбинӣ менамояд.
Маросими ифтитоҳ
Дар маросими ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода суханронӣ намуда, ҳадафҳои чорабиниро дар самти густариш ва тақвияти коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин соҳа манзури иштирокдорон гардониданд.
Ҷаласаи панелии вазоратӣ
Сипас дар ҷаласаи панелии вазоратӣ роҳбарони ҳайатҳо ва дигар намояндагони расмии кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ карданд:
- Ҷаноби Шералӣ Кабир — вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Доктор Асад Маҷид Хон — котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ
- Ҷаноби Мустафо Денизер — муовини президенти Федератсияи байналмилалии истеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF)
- Ҷаноби Ризо Ансорӣ — муовини вазири саноат, маъдан ва савдои Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои саноатӣ
- Ҷаноби Олжас Сапарбеков — муовини вазири саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон
- Ҷаноби Искандар Асилқулов — муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон
- Ҷаноби Руҳулло Зикриллоев — муовини директори Агентии рушди саноати сабук назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Ҷаноби Илҳом Неъматов — муовини котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
- Ҷаноби Радослав Дарски — сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҷаноби Ислом Муҳаммад Мунирул — сафири Бангладеш дар Тоҷикистон
- Ҷаноби Реймонд Таварес — роҳбари воҳиди рушди корхонаҳои хурду миёна ва эҷоди ҷойҳои корӣ, ЮНИДО (UNIDO)
- Хонум Татяна Белкевич — президенти Ассотсиатсияи иштирокчиёни саноати мӯди Федератсияи Русия
- Ҷаноби Амир Шайх — мушовири асосии Gherzi Consulting Engineers
- Хонум Заррина Яминзода — муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Ҷаласаҳои панелии махсусгардонидашуда
Пас аз анҷоми ҷаласаи панелии вазоратӣ тибқи Барномаи форум ҷаласаҳои панелии махсусгардонидашуда идома ёфтанд. Ҷаласаҳои панелии Форум се бахши муҳимро дар бар гирифта, мавзуъҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- «Рақамисозӣ, автоматикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаи нассоҷӣ»;
- «Занҷираи арзиши сабз: пахтаи устувор ва омодасозии кадрҳо»;
- «Сармоягузорӣ ба навсозӣ: маблағгузории сабз ва механизмҳои дастгирии содирот».
Наздики 80 фоизи маърӯзачиёни бахшҳои болозикр коршиносони хориҷӣ буда, табодули таҷриба ва афкор байни иштирокдорон сурат гирифт.
Натиҷаҳо
Форуми байналмилалии нассоҷӣ – Тоҷикистон 2026 ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузории соҳаи нассоҷӣ ва ҷалби сармоя барои рушди истеҳсолоти муосири саноатӣ мусоидат намуд. Чорабинӣ Тоҷикистонро ҳамчун майдони ояндадори истеҳсолоти «сабз»-и нассоҷӣ — аз пахта то бренд — дар қалби Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард.