МАРКАЗИ МАТБУОТ

Ҳамаи хабарҳо

Эълонҳои матбуотӣ, эълонҳо ва навсозиҳои ҳарҳафтаинаи Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон 2026.

1 окт 2026

Натиҷаҳои Форуми байналмилалии нассоҷӣ – Тоҷикистон 2026

23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ – Тоҷикистон 2026 баргузор гардид: тақрибан 300 нафар иштирокчӣ аз беш аз 20 кишвар ташаккули занҷираи пурраи нассоҷиро аз нахи пахта то маҳсулоти тайёр баррасӣ карданд.

Хондан
17 сен 2026

Доктор Фотима Ҷамилӣ, дорои дараҷаи Ph.D. дар соҳаи илм ва муҳандисии нассоҷӣ, ҳамчун маърӯзачӣ дар Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон 2026 иштирок менамояд.

Ӯ роҳбар ва соҳибкори соҳибтаҷрибаи соҳаи нассоҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, дорои донишу таҷриба дар истеҳсоли ресмон, идоракунии саноатӣ, навоварӣ ва рушди бозоргаро мебошад.

Хондан
26 авг 2026

Аз пахта то бренди тайёр: Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 аз шарикӣ бо ширкати «Арвис» хабар медиҳад

Кумитаи тадоракуоти Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 шарикиро бо ширкати «Арвис» корхонаи дорои даври пурраи истеҳсолот дар шаҳри Душанбе эълон менамояд.

Хондан
24 июл 2026

Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон - 2026 дар бораи оғози шарикии стратегӣ бо CAITME хабар медиҳад

Байни Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон - 2026 ва бузургтарин намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷии Осиёи Марказӣ — CAITME шарикии муҳими саноатӣ роҳандозӣ шуд. Ин ҳамкорӣ қарорҳои технологии ҷаҳониро бо иқтидори сармоягузории Тоҷикистон пайваст намуда, гузариши кишварро ба занҷираи пурраи истеҳсолот ва истеҳсолоти «сабз» суръат мебахшад.

Хондан
7 июл 2026

Патрик Фламм аз ширкати Rieter дар ҷаласаи якуми панелии Форуми байналмилалии нассоҷӣ суханронӣ мекунад

Намояндаи ширкати Rieter дар ҷаласаи якуми панелии Форуми байналмилалии нассоҷӣ иштирок намуда, оид ба тамоюлҳои муосири соҳаи ресандагӣ, аз ҷумла самаранокии энергетикӣ ва коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ, андешаронӣ мекунад.

Хондан
6 июл 2026

Президенти RAFI Татяна Белкевич дар Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 суханронӣ мекунад

Президенти RAFI Татяна Белкевич иштироки худро ҳамчун сухангӯ дар Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 тасдиқ намуд. Ӯ, ки зиёда аз 20 сол таҷриба дорад, доир ба рушди фурӯш, стратегияҳои содиротӣ ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар саноати сабук таҷриба мубодила мекунад.

Хондан
1 июн 2026

Татбиқи низоми дуалии таҳсилоти Олмон дар саноати нассоҷии Ӯзбекистон: имкониятҳо барои Осиёи Марказӣ

Маттиас Клингенберг, коршиноси олмонӣ дар соҳаи рушди байналмилалӣ ва роҳбари лоиҳаи TexVET оид ба ислоҳот ва навсозии низоми таҳсилоти касбии Ӯзбекистон, иштироки худро дар ҷаласаи дуюми панелии Форуми байналмилалии нассоҷӣ – Тоҷикистон 2026 тасдиқ кардааст. Ӯ дар бораи татбиқи низоми дуалии таҳсилоти Олмон дар саноати нассоҷии Ӯзбекистон ва аҳаммияти он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ мекунад, ки барои саноати сабуки Тоҷикистон имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва ислоҳотро мекушояд.

Хондан
ITF
29 май 2026

Исфандиёр Абдулло: сармоягузорӣ ба соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики соҳаи нассоҷӣ

Директори дафтари кишварии Accelerate Prosperity Тоҷикистон, мутахассис бо таҷрибаи зиёда аз 9 сол дар инвеститсияи корхонаҳо, тарроҳии барномаҳои инкубатсионӣ ва акселератсионӣ дар Осиёи Марказӣ ва рушди занҷираҳои арзишии соҳаи нассоҷӣ.

Хондан
25 май 2026

Иштироки хонум Юлия Броска ҳамчун коршиноси GIZ оид ба «гузариши сабз» дар соҳаи пахта

Хонум Юлия Броска, роҳбари лоиҳаи «Гузариши сабз тавассути занҷираи арзиши пахта» дар Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit, GIZ), ҳамчун сухангӯи муҳтарам дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 иштирок мекунад ва таҷрибаи GIZ‑ро оид ба рушди устувор ва ба иқлим мутобиқшудаи соҳаи пахта ва нассоҷӣ муаррифӣ менамояд.

Хондан
24 май 2026

Мустафо Денизер дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 иштирок менамояд

Мустафо Денизер, ноиби президенти Федератсияи байналмилалии истеҳсолкунандагони нассоҷӣ (ITMF) ва президенти ширкати Diktaş A.Ş., иштироки худро дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 тасдиқ намудааст. Дар ҷаласаи пленарӣ ӯ ақидаҳои худро оид ба рушди саноати нассоҷӣ, устувории занҷираҳои истеҳсолӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо пешниҳод хоҳад кард.

Хондан
24 май 2026

Стивен Бек – директори Шуъбаи савдо ва занҷираҳои таъминот дар АБР ҳамчун спикер дар Панели 3‑юми Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 иштирок менамояд

Стивен Бек, директори Шуъбаи савдо ва занҷираҳои таъминот дар Бонки Рушди Осиё (АБР) ва яке аз коршиносони пешбари ҷаҳонӣ дар соҳаи молиякунонии савдо ва занҷираҳои таъминот, иштироки худро дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 ҳамчун спикери панели сеюм расман тасдиқ намудааст. Ҳузури ӯ муҳокимаҳоро оид ба рушди занҷираҳои савдо ва логистикаи «сабз», устувор ва шаффоф барои бахши нассоҷии Тоҷикистон ва минтақа тақвият медиҳад.

Хондан
24 май 2026

Иштироки Имрон Асғар, роҳбари узвияти The Sourcery Group LLC Осиё ва Уқёнуси Ором, дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026

Имрон Асғар, роҳбари минтақаи Осиё–Уқёнуси Ором дар ширкати The Sourcery Group LLC ва «меъмори устувории нассоҷӣ», беш аз 20 сол аст, ки пайгирӣ ва рақамикунонии пахта ва дигар нахҳоро дар занҷирҳои таъминот пеш мебарад ва ба гузариш аз изҳороти қоғазӣ ба далелҳои санҷишшавандаи онлайн мусоидат мекунад. Дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 ӯ стратегияҳои амалӣ оид ба таъмини пайгирии физикии пахта ҳангоми ҳаракати фаромарзӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи The Sourcery Group LLC-ро муаррифӣ менамояд.

Хондан
15 мар 2026

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 баргузор мегардад

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғози бақайдгирии иштирокчиёнро барои Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 эълон менамояд, ки ҳамчун платформаи пешбари муколама, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва саноати сабук хизмат мекунад.

Хондан