
Намояндаи ширкати RIETER HOLDING AG, ҷаноби Патрик Фламм, ҳамчун баромадкунандаи ҷаласаи якуми панелӣ дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ иштирок менамояд.
Бо таҷрибаи чандинсолаи фаъолият дар RIETER HOLDING AG яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои ресандагӣ, мавсуф дорои дониши нодир дар чорчӯбаи технология, фурӯш ва рушди стратегии бозор мебошад.
Ҷаноби Фламм дорои маълумоти муҳандисӣ дар соҳаи технологияҳои нассоҷӣ ва менеҷмент буда, фаъолияти касбии худро аз мушовири технологӣ оғоз намуда, то ба роҳбари шуъбаи фурӯш расидааст.
Дар ҷараёни фаъолияти худ ӯ ҳамчун коршиноси эътирофшуда ва намояндаи технологияҳои Air-Jet-и ресандагӣ дар ширкати Rieter шинохта шуда, дар таҳияи стратегияҳои маҳсулот ва бозор саҳми назаррас гузоштааст, инчунин ба мизоҷон дар сатҳи байналмилалӣ дастгирии технологӣ расонидааст.
Дар доираи ҷаласаи якуми панелӣ ӯ назари худро оид ба тамоюлҳои муосири соҳаи ресандагӣ, аз ҷумла самаранокии энергетикӣ, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ дар саноати нассоҷӣ, мушкилоти асосии технологӣ ва имкониятҳои стратегии рушди минбаъдаи соҳа пешниҳод хоҳад кард.