Намояндаи ширкати Bajaj Steel Industries Ltd. дар доираи ҷаласаи якуми панелии Форуми байналмилалии нассоҷӣ -Тоҷикистон 2026 бо маърӯза оид ба технологияҳои пешрафтаи коркарди аввалияи пахта, таъсири ҷамъоварии механикӣ ба сифати нах, инчунин беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳонии пахтатозакунӣ баромад менамояд.
Баромадкунанда, муҳтарам Прашант Адман, мутахассиси ботаҷрибаи техникӣ ва тиҷоратӣ буда, дорои зиёда аз 16 сол таҷриба дар соҳаи пахтатозакунӣ мебошад. Айни замон ӯ дар вазифаи муовини мудири кулл оид ба содирот дар ширкати Bajaj Steel Industries Ltd. — яке аз истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии таҷҳизоти пахтатозакунӣ, ки соли 1961 таъсис ёфтааст, фаъолият мекунад. Маҳсулоти ширкат ба даҳҳо кишварҳои ҷаҳон содирот карда мешавад.
Дар тӯли фаъолияти касбии худ, ҷаноби Адман дар тарҳрезӣ, ҷорисозӣ ва тиҷоратикунонии корхонаҳои пахтатозакунӣ фаъолона иштирок намуда, бо истеҳсолкунандагони нахи пахта дар Ҳиндустон, кишварҳои Африқо, ИДМ, Австралия ва Амрикои Шимолӣ ҳамкорӣ намудааст.