Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғози бақайдгирии иштирокчиёнро барои Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 эълон менамояд, ки ҳамчун платформаи пешбари муколама, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва саноати сабук хизмат мекунад.
Форум 23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешсаф, таъминкунандагони технология ва сармоягузоронро аз саросари ҷаҳон муттаҳид менамояд.
Форум ҳамчун чорабинии стратегӣ ба рушди истеҳсолоти нассоҷии дорои давраи пурра дар Тоҷикистон — аз парвариши пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин ба пешбурди рушди устувори саноат ва ҷалби сармоягузориҳои «сабз» равона шудааст. Иштирокчиён метавонанд бо иқтидори саноатии кишвар, муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои афзалиятнок шинос шаванд.
Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин вохӯриҳои B2B ва B2G-ро дар бар мегирад, ки барои барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва ворид шудан ба бозорҳои нав имконият фароҳам меорад.
Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд тавассути сомонаи расмии форум бақайдгирӣ намоянд. Бо назардошти маҳдуд будани ҷойҳо, бақайдгирии барвақтӣ тавсия дода мешавад.
Форуми байналмилалии нассоҷӣ - Тоҷикистон 2026 қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар бозори ҷаҳонии нассоҷӣ мебошад.